Ҳувияти созандагони вируси WannaCry‍ маълум шуд

ДУШАНБЕ, 29 май — СОДРУЖЕСТВО. Бино ба иттилоъи нашриёти South China Morning Post, барномаи вирусӣ аз ҷониби нафаре, ки ба лаҳҷаи ҷанубии забони чинӣ суҳбат мекунад, сохта шудааст.

Миллияти созандагони вирус дар паи пажӯҳиши забоншинохтӣ аз тарафи ширкати амрикоии Flashpoint муайян карда шудааст. Намонядагони ин ширкати пажӯҳишӣ мегӯянд, ки яке аз далелҳои аслӣ ин аст ки ҳангоми олудани шудани роёна ба ин вирус, аввал навишторе ба забони чинӣ пайдо шуда ва сипас ба инглисӣ баргардон мешавад.

  Сергей Лавров: Русия ҳаргиз аз "Толибон" пуштибонӣ накардааст

Ин вирус аз забони инглисӣ бо барномаи худкор ба 26 забони дигар низ тарҷума шудааст.

Ҳамчунин гуфта мешавад, ки аз калидвожаҳо — libai “ҳафта” аксаран дар гӯишҳои ҷанубӣ ва ҷазираҳо ба кор бурда мешавад.

Вале устоди забони чинӣ дар Донишгоҳи Ҷимэй гуфт, ки вожаи libai дар гӯишҳои шимолии чинӣ низ истифода мешавад, аз ин рӯ як вожа наметавонад далел бошад.

  Вакилони парлумони Эрон парчами Амрикоро оташ заданд-Навор

Ёдовар мешваем, ки 12 май вируси  WannaCry‍ якбора роёнаҳои беш аз 200 касро дар 150 кишвари ҷаҳон бекор кард.

Бино бар додаҳои ширкатҳои ҷаҳонии антивирусӣ, ин вирус дар навбати аввал дар Русия, Украина ва Тайван паҳн мешавад, вале баъдтар ин барномаи сироятӣ ба Осиёи Марказӣ ҳам роҳ ёфт.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *