Нишасти Кумисюни муштараки Тоҷикистону Эрон баргузор мешавад

ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Вазири энерживу захоири оби Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ва вазири нерӯи Эрон Ҳамид Читчиён дар ҳошияи ойини савганд додани раиси мунтахаби Ҷумҳурии Исломӣ Ҳасан Руҳонӣ дар Теҳрон дидор кардаанд.

Ба гузориши хабаргузориҳои эронӣ, Усмонзода ва Читчиён дар ин дидор барои афзоиши ҳамкориҳои ду кишвар чора ҷуста ва ба тавофуқоте дар мавзуъи нишасти ояндаи Кумисюни муштараки давлатҳои Тоҷикистон ва Эрон даст ёфтаанд.

  Тоҷикистон дар Самарқанду Фарғона мактаб месозад

Яке аз заминаҳои ҳамкорӣ дар оянда корёрии Теҳрон бо тарҳи ОМОҶ-1000 (интиқоли барқ аз Осиёи Марказӣ ба Осиёи Ҷанубӣ ё CASA) дониста шудааст. Вазири нерӯи Эрон гуфтааст, ки “бо роҳандозии ин тарҳ Теҳрон мехоҳад бо он ҳамкорӣ кунад ва дар оянда шояд бахше аз барқи тавлидии нерӯгоҳи “Сангтӯда-2″-ро бо хутути ин тарҳ ба Эрон интиқол диҳад”.

  Барфу борон: боду ҳавои Тоҷикистон барои имрӯз

Ҳамид Читчиён ҳамчунин ба қарзи ширкати “Барқи Тоҷик” аз ин нерӯгоҳ ёдоварӣ кардаву умедвор шудааст, ки “мавзуъи пардохти бидеҳиҳо ҳарчи зудтар ҳалл шавад, то битавонем доманаи ҳамкориҳоро густариш диҳем”.    

Гуфтанист, Усмоналӣ Усмонзода ҳамроҳ бо ҳайъате аз давлатмардони Тоҷикистон барои ширкат дар ойини савганд додани Ҳасан Руҳонӣ ба Теҳрон сафар карда буд, ки 5 август дар Теҳрон баргузор шуд.

  Бориши барф дар Тоҷикистон: имсол зимистон аз ВМКБ оғоз нашуд

Бино бар тавофуқе, ки дар дидори вай бо Ҳамид Читчиён, ҳамтои эронии ӯ дар Кумисюни байнидавлатии ҳамкориҳои тиҷориву иқтисодӣ, ба даст омада, нишасти ояндаи ин Кумисюн дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд. Вале торихи дақиқи баргузории ин нишаст ҳануз дониста нест.

http://sputnik-tj.com/energetics/20170807/1023009162.html

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *