Ваколатдори Қирғизистон барои таҷлили ҷашни Сада ба Хуҷанд омад

ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik. Дар ин бора рвобити умумии ҳукумати вилояти Cуғд хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки рӯзи 30 январ ба муносибати ҷашни Сада бо ширкати Раҷаббой Аҳмадзода дар назди театри ба номи Камоли Хуҷандӣ, чорабинии идона ва намоиш-фурӯши ниҳолҳои мевадиҳанда, сояафкану ороишӣ, кӯчати гулу гулбуттаҳо ва тухмии зироатҳои кишоварзӣ баргузор шудааст.

  Дар Хуҷанд 20 тонна хурмои қочоқшударо кашф ва забт карданд

Раиси вилоят зимни суханронии худ кулли сокинони вилоятро ба муносибати фарорасии ҷашни Cада табрик гуфта рӯзгори ободро таманно кардааст.

“Дар чорабинӣ намояндаи ваколатдори Ҳукумати Қирғизистон дар вилояти Ботканд Абиш Холмирзоев ва ҳамроҳонаш низ иштирок намуданд”, — омадааст дар хабарнома.

Дар намоиш-фурӯши ниҳолҳои мевадиҳанда, сояафкану ороишӣ, кӯчати гулу гулбуттаҳо ва тухмии зироатҳои кишоварзӣ 100 ҳазор бех ниҳолҳои ороишӣ, сояафкан, ҳамешасаб ва мевадиҳанда, 20 ҳазор бех гулҳои ороишӣ беш аз 1 тонна тухмиҳои хушсифат ва заҳрхимикатҳо пешниҳод гардидаанд.

  Душанбе хабари ҷанҷоли тоҷирони тоҷику узбакро дар марз такзиб кард

Дар баробари кишоварзони вилояти Суғд деҳқонони Қирғизистон низ намудҳои гуногуни ниҳолҳои ороишӣ, аз ҷумла коҷи кабуд ва санавбарро пешниҳод намудаанд.

Дар ин рӯз инчунин барномаи фарҳангӣ низ пешниҳод гардида, ба чанде аз фаъолони намоиш-фурӯши ниҳолҳо туҳфаҳо супорида шудааст.

http://sputnik-tj.com/Tajikistan/20180130/1024585432/tajlili-jashni-sada.html

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *