Кобул интиқом мегирад: Ашраф Ғанӣ ба Толибон ҳушдор дод

ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik. Бино бар гузориши “Парс Тудэй”, Муҳаммад Ашраф Ғанӣ дар нишасти хабарии муштарак бо Ҷоко Видодо, раисҷумҳури Индонезия дар Кобул ба ҳамалоти террористии ахири Толибон дар Кобулу дигар шаҳрҳои Афғонистон вокуниш нишон дод.

“Афроди Толибон бо анҷоми ҳамалоти ахири террористӣ дар Кобулу дигар манотиқи Афғонистон собит карданд, ки ба дастури арбобони хориҷии худ амал мекунанд”,- изҳор доштааст вай.

  Назарбоев ба Трамп: ман аз Шумо серфарзандтарам

Ашраф Ғанӣ аз пешниҳоди раисҷумҳури Индонезия мабнӣ бар иҷмои уламои ҷаҳони ислом барои муқобила бо терроризму ифротгароӣ истиқбол кард.

Дар ҳамалоти террористии як ҳафтаи ахири Толибон ва ДИИШ дар манотиқи мухталифи Афғонистон бавижа Кобул, садҳо нафар куштаву захмӣ шуданд.

Раисҷумҳури Индонезия низ дар нишасти хабарӣ бо Ашраф Ғанӣ гуфт: Индонезия барои барқарории сулҳу субот дар Афғонистон бо давлату мардуми ин кишвар ҳамкорӣ хоҳад кард.

  Раққосони тоҷик ҳунарашонро дар Сеул намоиш доданд

http://sputnik-tj.com/world/20180130/1024585753.html

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *