Гузоришгари Sputnik дар шаҳри Душанбе кушта шуд

ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik. Галим Фасҳутдинов соате пеш дар чаҳорроҳи наздики Бемористони №3 шаҳри Душанбе зери чархи худраве монду сахт захмӣ шуд.

Ӯро шитобон бемористон бурданд, вале ӯ ба ҳуш наомада аз дунё дар гузашт.

Галим Фасҳутдинов 45-сола ва яке аз шаҳрвандони тотортабори Тоҷикистон буд, ки солҳо бо шабакаҳои родютелевизюнии “Мир” ва “Голос России” дар Тоҷикистон ҳамкорӣ мекард.

  Дар Фархор аз дӯкони дандонпизишкие 83 дандони тиллоро дуздиданд

Вай чанд сол хабарнигори бахши русии родюи “Deutsche Welle” ва “Sputnik” дар Душанбе низ буд.

Ҳамкорону ҳампешагон аз марги нобаҳангоми Галим сахт андӯҳгин шуда бо наздикону пайвандонаш ҳардардӣ мекунанд.

Худованд биёмурзадаш!

http://sputnik-tj.com/Tajikistan/20180130/1024589516.html

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *