Ҳамдардии ВКД бо хонаводаи Галим Фасҳутдинов

ДУШАНБЕ, 31 янв— Sputnik. Дар ин бора равобити умуми ин ниҳод хабар медиҳад.

“Ҳайъати шахсии маркази матбуот, сомонаи расмии ВКД ва ҳафтаномаи “Қонун ва ҷомеа”-и дастгоҳи Вазири корҳои дохилӣ ба наздикону пайвандони рӯзноманигори варзида Фастхуддинов Галинҷон Минярович изҳори ҳамдардӣ менамоянд”,-омадааст дар номаи таслият.

Гузоришгари Sputnik Галим Фасҳутдинов дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ дар шаҳри Душанбе ба ҳалокат расид.

  Тоҷикистон боварӣ дорад, ки ҳамкориҳояш бо Эрон дар сатҳи боло қарор дорад

Рӯзи 30-уми январ, тахминан соати 17:20-дақиқа, ронандаи худрави тамғаи “Дамас”, Бахтиёр Халифаев соли таваллудаш 1987, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, дар рӯ ба рӯи бинои истиқоматии №88/1 аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард, Фастхуддинов Галинҷон Миняровичро пахш кардааст.

Дар натиҷа Фастҳуддинов Галим ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан, дар роҳ ба ҳалокат расидааст.

  Боздиди ҷавонони ВМКБ аз Маркази исмоилияи Душанбе ва қалъаи Ҳисор

Манбаъ меафзояд, ки ин ҳодиса мавриди таҳқиқ қарор дорад.

Галим Фасҳутдинов 45-сола ва яке аз шаҳрвандони тотортабори Тоҷикистон буд, ки солҳо бо шабакаҳои родютелевизюнии “Мир” ва “Голос России” дар Тоҷикистон ҳамкорӣ мекард.

Вай чанд сол хабарнигори бахши русии родюи “Deutsche Welle” ва “Sputnik” дар Душанбе низ буд.

Гуфта мешавад, ки маросими ҷанозаи ӯ нимаи аввали имрӯз баргузор мешавад.

  Хуҷанд аз Русия 25 автобус ворид кард

http://sputnik-tj.com/society/20180131/1024590762/hamdardii-vkd-bo-honawodai-galim.html

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *