Шарҳи ВКД дар бораи ҳалокати гузоришгари Sputnik

ДУШАНБЕ, 31 янв — Sputnik. Дар ин бора равобити умумии ин ниҳод хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки 30-уми январ, тахминан соати 17:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Дамас”, Халифаев Бахтиёр Назарович, соли таваллудаш 1987, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми ҳаракат бо кӯчаи Борбад аз самти кӯчаи Ҷомӣ ба самти кӯчаи Фирдавсии пойтахт, дар рӯ ба рӯи бинои истиқоматии №88/1 аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард, Фастхуддинов Галинҷон Миняровичро пахш кардааст.

  Қоҳир Расулзода аз дастовардҳои шаҳри Хуҷанду Бӯстон дидан кард

Дар натиҷа Фастҳуддинов Галим ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан, дар роҳ ба ҳалокат расидааст.

Манбаъ меафзояд, ки ин ҳодиса мавриди таҳқиқ қарор дорад.

Галим Фасҳутдинов 45-сола ва яке аз шаҳрвандони тотортабори Тоҷикистон буд, ки солҳо бо шабакаҳои родютелевизюнии “Мир” ва “Голос России” дар Тоҷикистон ҳамкорӣ мекард.

  Кӣ зудтар: дар Душанбе 20 май Рӯзи дави миллӣ баргузор мешавад

Вай чанд сол хабарнигори бахши русии родюи “Deutsche Welle” ва “Sputnik” дар Душанбе низ буд.

http://sputnik-tj.com/investigation/20180131/1024590473/sharhi-vkd-dar-borai-halokat.html

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *