Номаи Эмомалӣ Раҳмон ба раисҷумҳури Финляндия

ДУШАНБЕ, 31 янв — Sputnik. Дар ин бора хадамоти матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар номаи шодбошии раисҷумҳури Тоҷикистон омадааст:

“Ҷаноби Олӣ, сарфарозам Шуморо ба муносибати пирӯзиатон дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Финляндия ва муҷаддадан интихоб шуданатон ба ин маснади олии давлатӣ табрику таҳният гӯям.

Ба Шумо, ҷаноби Президент, саломативу комёбиҳо ва барои мардуми Финляндия амонӣ, рифоҳу шукуфоии бештар орзумандам.

  Соҳибкор ва сиёсатмадори тоҷик дар бораи Эмомалӣ Раҳмон китоб навиштанд

Мо ба густаришу таҳкими равобити ҳасанаи гуногунҷанба бо Ҷумҳурии Финляндия манфиатдорем ва итминон дорем, ки ҳамкории васеъ ва судманди ҷонибҳо ба манфиатҳои аслии халқҳои ҳар ду давлати дӯст мебошад.

Умедворам, ки дар давраи нави роҳбарии Шумо бо саъю кӯшишҳои муштараки мо муносибатҳои Тоҷикистону Финляндия ба зинаҳои нави рушд хоҳанд расид”.

  Ободӣ дар пойтахти тоҷикон: Р. Эмомалӣ аз истгоҳи намунавӣ боздид кард

http://sputnik-tj.com/politics/20180131/1024590345/nomai-shodboshi.html

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *