Ҷанҷол дар микроавтобус дар Хуҷанд: як мусофири мастро то мурдан заданд

ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik. Як мусофири мастро дар дохили микроавтобусе дар Хуҷанд сахт лату кӯб кардаанд. Дар ин бора дафтари матбуотии ВУД хабар медиҳад.

Бино бар иттилои манбаъ, кормандони милитсия ҳангоми бозҷӯӣ марди 28-солаи сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир намуданд.

“Номбурда, 26-уми январи соли равон, тахминан соати 15:40-дақиқа, ҳангоми дар дохили микроавтобуси хатсайри “Хуҷанд-Учбоғ” қарор доштанаш, бо марди 35-солаи сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки дар ҳолати мастӣ қарор дошт, ҷангу ҷанҷол карда, ҳангоми ба истгоҳи “Универмаг”-и шаҳри Хуҷанд расидан, ӯро аз микроавтобуси мазкур фароварда, луту кӯб намудааст”,- омадааст дар иттилои манбаъ.

  Ситоиши Аҳмадзода аз таҷрибаи пешқадами мардуми ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Мувофиқи хулосаи ташхиси тиббӣ ҷароҳати гирифтаи номбурда зарари вазнин ба саломатӣ мансуб мебошад.

Нисбати ин ҳолат парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

http://sputnik-tj.com/Tajikistan/20180130/1024579426/musofir-mast-khujand.html

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *