Бо вуҷуди мушкилот: дастгоҳи аввали Роғун имсол ба истифода дода мешавад

ДУШАНБЕ, 31 янв— Sputnik. Дастгоҳи аввалини Роғун дар вақти муаяйншуда, яъне имсол ба истифода дода мешавад.

Дар ин бора вазири энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода дар нишасти хабарӣ гуфтааст.

Вай қайд карда, ки дар баробари ин дар ин росто мушкилот ҳам ҳаст.

“Вале мо бовар дорем, ки супориши раҳбарият оиди сари вақт ба истифода додани дастгоҳи аввали нерӯгоҳи Роғун иҷро мешавад”, — қайд кард вазир.

  Ҷанҷол дар микроавтобус дар Хуҷанд: як мусофири мастро то мурдан заданд

Дар баробари ин вазир мушкилотро номбар накард.

Ёдоварӣ мекунем, ки дар нишасти “Натиҷагирӣ аз рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон дар соли 2017”, раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон раҳбари тарҳи Роғунро вазифадор кард, ки дастгоҳи аввалини он сари вақт ба истифода дода шавад.

Ҳукумати Тоҷикистон дар соли 2016 кори такмили сохти ин нерӯгоҳро ба ширкати итолиёии “Salini impregilo” вогузор кард.

  БДА аз 31 август то 10 сентябр дар роҳҳо амалиёт мегузаронад

Ин ширкат мутааҳҳид шудааст, ки дар соли ҷорӣ турбинаи нахусти ин нерӯгоҳро ба баҳрабардорӣ хоҳад расонд.

Сохти нерӯгоҳи обии “Роғун” дар 110 километрии шарқи шаҳри Душанбе ва рӯйи рӯдхонаи Вахш дар авоили даҳаи 1970 —и мелодӣ барномарезӣ шуд, аммо ба иллати ҷанги дохилӣ ва мухолифатҳои Ӯзбакистон ҳанӯз ин тарҳ такмил нашудааст.

  Рустам Эмомалӣ дар Душанбе бузургтарин боғи обӣ ифтитоҳ кард

Нерӯгоҳи “Роғун” бо садди 335 метрӣ ва зарфияти тавлиди 17 миллиард киловатт соат барқ дар сол, бузургтарин тарҳи обӣ дар минтақа ба ҳисоб меояд.

http://sputnik-tj.com/energetics/20180131/1024591385/dastgohi-awwali-rogun-imsol-ba-istifoda-doda-meshawad.html

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *