Кайфари қочоқи маводи мухаддир – 19 сол зиндон

ДУШАНБЕ, 31 янв — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии Додситонии кулли Тоҷикистон, Ҷамолидин Муҳиддинов ва шариконаш Ҷ. Яқубов ва Ф. Файзиев аз феврали соли 2005 даст ба қочоқи маводи мухаддир, бавижа ҳеруин, зада будаанд.

Додгоҳ собит карда, ки моҳи феврали соли 2005 Яқубов Ҷ.Т. дар ноҳияи Ҳамадонӣ аз “Абдухолиқ” ном шаҳрванди 136,466 кг ҳеруинро ба нархи 40 ҳазор дулори ИМА харида ва дар худрави “Ниссан Максима” ба шаҳри Душанбе бурда будааст.

  Маслиҳати Шӯрои уламо барои истифодаи фоида аз марказҳои букмекерӣ

Сипас Муҳидинов ва Яқубов ин маводи мухадирро ба манзили Файзиев дар ноҳияи Рӯдакӣ, ҷамоати деҳоти Сарикиштӣ, деҳаи Нишони Ленин, хонаи №22 бурдаву пинҳон кардаанд.

Кормандони нерӯҳои интизомӣ 7 феврали соли 2005 ин маводи мухаддирро дар манзили Файзиев пайдо карда ва боз ситондаанд.

Додгоҳи ноҳияи Рудакӣ 24 январи соли 2018 Ҷамолиддин Муҳидиновро ба ҷурми муомилаи ғайриқонунии  маводи мухаддир ва равонгардон маҳкум ба 19 сол ҳабс дар зиндони шадиднизом кард.

  Муҷозоти ду милиса барои ба доди мардум нарасидан

http://sputnik-tj.com/news/20180131/1024592995.html

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *