Ҷазби гардишгарон: дар Хуҷанд роҳи арғамчинӣ бунёд мешавад

ДУШАНБЕ, 31 янв — Sputnik. Дар ин бора сухангӯи ҳукумати шаҳри Хуҷанд Маъмур Юсуфов дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон хабар дод.

Ба гуфти Юсуфов тарҳи бунёди роҳи арғамчиниро шӯъбаи сохтмонии ҳукумати шаҳри Хуҷанд пешниҳод кардааст.

“Ҳадафи аслии бунёди роҳи арғамчинӣ ҷалби бештари гардишгарон ба шаҳри Хуҷанд аст”, — гуфт манбаъ.

Роҳи арғамчинӣ аз маҷмааи Шоҳ Исмоили Сомонӣ то Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” тӯл мекашад.

  Баъди шикояти мардум: "Боғи ҳайвонот"-и Душанберо ба наздикии бозори "Корвон" мекӯчонанд

Бино ба итталои манбаъ, ин тадбир метавонад мақоми сайёҳии маркази вилоятро боз ҳам боло бардорад ва ба зиёд шудани сафи гардишагрони дохилию хориҷӣ мусоидат намояд.

Дар ҳоли ҳозир таъмиру азнавсозии Қалъаи Хуҷанд ба роҳ монда шуда, дар ҳудуди шаҳраки варзишӣ нуқтаҳои фуруши маҳсулоти дастии мардумӣ ва армуғонҳои миллӣ ташкил карда мешавад.

  Норозигии раисиҷумҳур аз вазъи саноат: кори 107 корхона қатъ шудааст

Пештар хабар дода шуд, ки дар Душанбе нахустин Маркази иттилоотии гардишгарӣ ифтитоҳ шуд.

Маркази иттилоотии гардишгарӣ  бо таҷҳизоти муосири иттилоотӣ, аз қабили телевизорҳои плазмавӣ, планшетҳо ва ноутбукҳо таҷҳизонида шуда, дорои маводи иттилоотии сайёҳӣ ва армуғонҳо барои сайёҳон мебошад.

http://sputnik-tj.com/Tajikistan/20180131/1024600658/rohi-argamchini.html

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *