Ҷазби гардишгарон: дар Хуҷанд фарозбар ё роҳи танобӣ бунёд мешавад

ДУШАНБЕ, 31 янв — Sputnik. Дар ин бора сухангӯи ҳукумати шаҳри Хуҷанд Маъмур Юсуфов дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон хабар дод.

Ба гуфти Юсуфов тарҳи бунёди фарозбар ё роҳи танобиро шуъбаи сохтмонии ҳукумати шаҳри Хуҷанд пешниҳод кардааст.

“Ҳадафи аслии бунёди роҳи арғамчинӣ ҷалби бештари гардишгарон ба шаҳри Хуҷанд аст”, — гуфт манбаъ.

  Пиряхшинос: гармоиши ҷаҳонӣ ягона иллати об шудани пиряхҳои Помир нест

Ин фарозбар ё роҳи танобӣ аз маҷмаъаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ то Маҷмаъаи фарҳангию таърихии “қалъаи Хуҷанд” тул мекашад.

Бино ба итталои манбаъ, ин тадбир метавонад мақоми сайёҳии маркази вилоятро боз ҳам боло бардорад ва ба зиёд шудани сафи гардишагрони дохилию хориҷӣ мусоидат намояд.

Дар ҳоли ҳозир таъмиру азнавсозии Қалъаи Хуҷанд ба роҳ монда шуда, дар ҳудуди шаҳраки варзишӣ нуқтаҳои фуруши маҳсулоти дастии мардумӣ ва армуғонҳои миллӣ ташкил карда мешавад.

  Ду корманди ширкати IRS дар Шаҳристон осеб диданд: яке аз онҳо ҷон бохт

Пештар хабар дода шуд, ки дар Душанбе нахустин Маркази иттилоотии гардишгарӣ ифтитоҳ шуд.

Маркази иттилоърасонии гардишгарӣ  бо таҷҳизоти муосири иттилоъотӣ, аз қабили телевизорҳои плазмаӣ, планшетҳо ва ноутбукҳо таҷҳизонида шуда, дорои маводи иттилоъотии сайёҳӣ ва армуғонҳо барои гардишгарӣ мебошад.

http://sputnik-tj.com/Tajikistan/20180131/1024600658/farozbar.html

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *