Раҳмон бо роҳбари ширкати “Салини Импреҷило” сохтусози “Роғун”-ро баррасӣ кард

ДУШАНБЕ, 31 янв — Sputnik. Тавре дафтари мутбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон хабар медиҳад, имрӯз кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбари ширкати “Салини Импреҷило” (Salini Impregilo) Пиетро Салиниро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон бо Ширкати “Салини Импреҷило” дар бунёду барқарорсозии иншооти гидроэнергетикӣ, аз ҷумла Неругоҳи барқи обии “Роғун” мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

  Дастури Раҷаббой Аҳмадзода барои обод кардани оромгоҳи Рӯдакӣ

Бино бар иттилои манбаъ, ҷонибҳо доир ба сатҳу сифати корҳои сохтмонӣ дар иншооти муҳими гидроэнергетикӣ табодули афкор карда, таъмини иҷрои саривақтии нақшаи корҳои лоиҳавиро баррасӣ карданд.

“Изҳори боварӣ карда шуд, ки пудратчии сохтмони сарбанди Неругоҳи барқи обии Роғун Ширкати “Салини Импреҷило” баҳри татбиқи саривақтии нақшаи лоиҳавии бунёди иншоот тадбирҳои заруриро амалӣ карда, корҳоро сари вақт ва бо сифати баланд анҷом медиҳанд”,- гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

  Тоҷикистон Эронро муттаҳам ба пуштибонии моливу низомӣ аз кушторҳои сиёсии солҳои 1990-ум кард

Дар мулоқот дигар мавзуҳои марбут ба иҷрои уҳдадориҳои дуҷониба дар сохтмон ва барқарорсозии иншооти Неругоҳи барқи обии Роғун ва ҷалби ин ширкати байналмилалии сохтмонӣ дар иҷрои тарҳҳои гуногуни сармоягузории Тоҷикистон баррасӣ шуд.

http://sputnik-tj.com/Tajikistan/20180131/1024602521.html

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *