Тоҷикистон содироти барқро ба Афғонистон бозистонд

ДУШАНБЕ, 31 янв — Sputnik. Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон аз таваққуфи содироти барқи кишвар ба Афғонистон хабар дод.

Ба нақл аз “Парстудэй”, Усмоналӣ Усмонзода дар нишасте бо тайиди таваққуфи содироти барқи кишвар ба Афғонистон гуфт: Тоҷикистон дар фасли тобистон метавонад ба роҳатӣ ба Афғонистон барқ содир кунад, аммо дар зимистон бо мушкилоти ҷиддӣ дар ин замина мувоҷеҳ аст.

  Сипосгузории Эмомалӣ Раҳмон аз Рустам Эмомалӣ барои тӯҳфа ба ҷавонон

Соли 2017 Тоҷикистон ба Афғонистон беш аз 1.3 миллиард киловат барқ ба арзиши 50 миллион доллар содир кардааст.

Ёдрас мешавем, имрӯз раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбари ширкати “Салини Импреҷило” (Salini Impregilo) Пиетро Салини мулоқот кард.

Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон бо Ширкати “Салини Импреҷило” дар бунёду барқарорсозии иншооти гидроэнергетикӣ, аз ҷумла Неругоҳи барқи обии “Роғун” мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

  Пешгирӣ аз қочоқи тангаи мисин дар фурудгоҳи Душанбе

Бино бар иттилои манбаъ, ҷонибҳо доир ба сатҳу сифати корҳои сохтмонӣ дар иншооти муҳими гидроэнергетикӣ табодули афкор карда, таъмини иҷрои саривақтии нақшаи корҳои лоиҳавиро баррасӣ карданд.

http://sputnik-tj.com/Tajikistan/20180131/1024602914.html

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *