Маълум шуд, ки донишомӯзон кай аз Рустам Эмомалӣ стипендия мегиранд

ДУШАНБЕ, 17 апр — Sputnik. Дар рӯзи шаҳр талабагону донишҷӯёни аълохони Душанбе идрори раиси шаҳр Рустам Эмомалиро мегиранд, иттилоъ медиҳад ТоҷикТА.

“Дар Рӯзи пойтахт хонандагони мактабҳо ва донишҷӯёни омӯзишгоҳҳои касбӣ-фаннӣ стипендияи шаҳрдори Душанбе Рустам Эмомалиро хоҳанд гирифт. Ба рӯйхати идроргирандагон 200 талаба ва донишҷӯ шомил гаштаанд. Андозаи идрор — 250 сомонӣ дар як моҳ аст”, —  иброз доштанд дар раёсати таълимии пойтахт. 

  Тоҷикистон аз Русия хост музокиротро ба таърих гузорад

Маблағҳоро ба кортҳои талабагон интиқол дода, ба донишҷӯён рӯзи 21 апрел дар Амфитеатри Душанбе месупоранд. Ба суратҳисоби корт тамоми идрори соли хониши 2017-2018 интиқол мешавад.

Котҳои бонкиро ба талабагон шояд худи Рустам Эмомалӣ супорад.

Хотиррасон мекунем, ки мири Душанбе Рустам Эмомалӣ 200 идрор, ҳар кадом дар ҳаҷми 250 сомонӣ, барои хонандагон ва донишҷӯёни аълохони мактабҳо ва омӯзишгоҳҳои касбӣ-фаннӣ таъсис додааст.

  Чаро?!: дар Суғд чанде аз сохтору идораҳо аз ташкили нишасти расонаӣ даст кашиданд

Довталабони идрор бояд ба як қатор талабот мувофиқат мекарданд: баҳоҳои аъло, ахлоқи намунавӣ, иштирок дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ.

http://sputnik-tj.com/Tajikistan/20180417/1025325649.html

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *