Дар Душанбе ёдбуди бастакори номдор Зиёдулло Шаҳидӣ баргузор шуд

ДУШАНБЕ, 18 май — Sputnik. Дар Осорхонаи ҷумҳуриявии маданияти мусиқии ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ бахшида ба 104 солагии ёдбуди композитори маъруфи тоҷик Зиёдулло Шаҳидӣ маҳфили фарҳангӣ ба номи “Шоми суруди миллӣ” баргузор гардид.

Бино ба иттилои Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, дар маҳфили мазкур  донишҷӯёни донишгоҳҳо, хонандагони муассисаҳои таълимоти умумии пойтахт,  сафоратхонаҳои муқими Тоҷикистон ва аҳли илму фарҳанг иштирок доштанд.

  “Тоҷиксодиротбонк” ба фурӯши ғайриқонунии саҳмияҳо муттаҳам шуд

“Маҳфил ба хотири ҷалби аҳли ҷомеа дар тарғиби суруди миллии касбӣ ва барои баланд бардоштани  сатҳи маърифату маънавиёти аҳли ҷомеа бахусус наврасону ҷавонон ташкил карда шудааст”- иттилоъ додааст манбаъ.

Шоми ёдбуди композитори машҳури тоҷик Зиёдулло Шаҳидӣ бо иштироки хонандаҳои Мактаб интернати махсуси ҷумҳуриявии мусиқии ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ сурат гирифтааст.

  Суруди Карина Комил барои дастаи футболи "Истиқлол"

http://sputnik-tj.com/culture/20180518/1025606237/shomi-yodbudi-ziyodullo-shahidi.html

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *