Амволи Раҳматилло Зоировро дар Қазоқистон дуздиданд

ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Роҳбари Ҳизби сосиал-демократи Тоҷикистон Раҳматилло Зоировро дар Алмато ғорат кардаанд.

Дар ин бора, сиёсатмадор дар як баёния дар саҳифаҳои иҷтимоӣ хабар додааст.

Ба гуфтаи вай, қазия 11-уми июл дар Алмато рух додааст.

“Ёздаҳуми июл, аз соатҳои 09:42 то 09:45 дар назди истгоҳи Автовокзали Алмато афроди номаълум як бастаи калони манро дуздиданд”, — изҳор доштааст вай.

  Раисҷумҳури Тоҷикистон раиси ноҳияи Хуросонро танбеҳ дод

Ба гуфтаи вай, дар дохили баста либоса, китоби зиёд, дастгоҳҳои электронӣ, ҳуҷҷатҳои додгоҳ ва дафтари ёддошт дошт.

Раҳбари Ҳизби сосиал-демократи Тоҷикистон аз шоҳидони ҳодиса хоҳиш кардааст, ки ба ивази подош ба вай хабар диҳанд. Аз роҳзанон дархост кардааст, ки лоақал ҳуҷҷатҳои дар сумкааш бударо баргардонанд.

http://sputnik-tj.com/Tajikistan/20180713/1026092197.html

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *