Мулоқоти вазири умури хориҷа бо роҳбари нави Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон

ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон нусхаи эътимодномаи Роҳбари нави Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, Сафир Мэрилин Йосефсонро қабул намуд, хабар додааст дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷаи кишвар.

Дар рафти мулоқот, ки пас аз маросими супоридани нусхаи эътимоднома сурат гирифт, ҷонибҳо дар бораи ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупоро мулоқот намуданд.

  Генерал Назарзода сардори Раёсати корҳои дохилии Душанбе таъйин шуд

“Аз сатҳу сифати муносиботи зудрушдёбанда миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар доираи абзорҳои мухталифи ҳамкории дуҷониба ва минтақавӣ ибрози қаноатмандӣ карда шуд”, таъкид намудааст манбаъ.

Инчунин тарафҳо доир ба роҳҳои таҳкими минбаъдаи шарикии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо, аз ҷумла дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, амният ва ҳамкориҳои минтақавӣ табодули назар карданд.

  SWIFT: дар БМТ пешгирии қаллобӣ ва амнияти иттилоотӣ баррасӣ шуд

Зимни мулоқот тарафҳо масъалаҳои рӯзномаи байналмилалӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди эҳтимоми муштаракро баррасӣ намуланд.

http://sputnik-tj.com/Tajikistan/20181011/1027073949/Mulooti-vaziri-umuri-khoria-bo-robari-navi-Namoyandagii-Ittiodi-Avrupo-dar-Toikiston.html

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *