Шавҳар ба воситаи Google Maps хиёнати ҳамсарашро ошкор кард

ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Як сокини Перу пас аз ошкор кардани хиёнати ҳамсар ба воситаи  Google Maps ӯро талоқ додааст.

Гуфта мешавад, мард вақте ки ба воситаи  барномаи Google роҳ меҷуст, чашмаш ба ҷуфте афтод, ки яке аз онҳо ҳамсари вай буд. Дар зонуи ҳамсараш марде хоб мекард.

Buscó un puente en Google Maps y encontró a su esposa con otro hombre Parece broma: pero descubrió la infidelidad en el romántico “Puente de los Suspiros” de Barranco, en Lima. https://t.co/iSZtxZhMCR pic.twitter.com/MJH5cwEibv

  Дар сарҳади Русия ва Гурҷистон инфиҷор рух дод

​Ба гуфтаи шавҳар, ӯ дар акс андоми ҳамсарашро дида натавонист, аммо аз либоси вай муайян кард, ки ҳамсари ӯст.

Маълум шудааст, ки акс панҷ сол пешатар гирифта дар барномаи Google ҷой дода шуда будааст. Аммо мард  аз қарораш даст накашидааст.

Пештар як сокини Испанияро барои қироати номаҳои ҳамсараш дар шабакаи иҷтимоӣ ба ду соли зиндон маҳкум карда буданд.

  Нахуствазири Узбакистон дучори садама шуд

Додгоҳ ӯро дар ҷосусӣ нисбати ҳамсар дар WhatsАpp ва паҳн кардани маълумоти шахсии ҳамсар муҷрим шинохтааст.

Ҳамчунин додгоҳ мардро аз ҳуқуқи наздик шудан ба ҳамсар ва сӯҳбат бо вай маҳрум кард.

Зан ҳамчунин аз додгоҳ талаб кардааст, ки ҳамсарашро барои таҷовуз ва лату кӯб  ба 78 соли зиндон маҳкум кунанд. Аммо зан далели таҷовуз шуданашро аз ҷониби ҳамсар исбот карда натавонистааст.

Ба иттилои додситон, дар рафти тафтишот маълум карда шуд, ки шавҳар аз барномаи ҷосусӣ истифода намуда, навиштаҳои ҳамсарашро дар WhatsАpp пайгирӣ мекардааст.

  Мирзиёев бо писар ва наберааш ба Маскав омад

Шавҳар номаҳои саршор аз муҳаббати занашро бо дигар мардон аксбардорӣ карда, онро зидди ҳамсараш истифода бурдааст.

Додгоҳ қарор кард, ки ин корҳои мард ба зиндагии шахсии зан дахолат ҳисоб ёфта, ҳамсар дар пайи он зарари ҷиддӣ дидаааст.Барои ҳамин нисбати мард ҳумки маҳрум кардан аз озодӣ содир шудааст.

http://sputnik-tj.com/world/20181011/1027080143/Shavar-ba-vositai-Google-Maps-khinati-amsarashro-oshkor-kard.html

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *