Нахустин сафари Сарвазири Чин ба Тоҷикистон

ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik.   Тибқи иттилои расмӣ, Ли Кэтсян, нахуствазири Шӯрои давлатии Ҷумҳури халқии Чинро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон Раҳмон Озода Эмомалӣ ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд.

Ба гуфтаи манбаъ, дар доираи сафари расмӣ нахуствазири Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Кетсян дар кори ҷаласаи Шӯрои роҳбарони ҳукуматҳои (сарвазирони) Созмони Ҳамкории Шанхай, ки 12 октябр дар шаҳри Душанбе доир мегардад, иштирок менамояд.

  Омӯзгорони Тула ба Тоҷикистон мераванд

Ёдрас мешавем, ки пештар Чжан Ханхуэй, ёвари вазири корҳои хориҷаи Чин таъкид намуд, ки ин нахустин сафари расмии Ли Кэтсян, нахуствазири Шӯрои давлатии Ҷумҳури халқии Чин ба Тоҷикистон мебошад. 

“Ин сафар барои рушди ҳамкориҳои дуҷониба ва шарикии ҳамаҷонибаи стретегӣ аҳмияти муҳим дорад. Инчунин, дар сафари мазкур нахуствазири Чин бо мақомоти Тоҷикистон лоиҳаи “Як банд-як роҳ ”  ва  тақвияти ҳамкориҳо дар соҳаи иқтидори истеҳсолӣ миёни ду кишварро баррасӣ хоҳад кард”, – афзуд вай.

  Эмомалӣ Раҳмон барои воридоти маҳсулоти пастсифат чанде аз масъулинро барканор кард

Қарор аст, Ли Кэтся бо мақомоти Тоҷикистон дар бораи рушди ҳамкориҳои мутақобил дар шароити имрӯза, ҳамкориҳо дар лоиҳаи “Як банд-як роҳ ” ва дар масъалаи мушкилоти муҳими байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули назар кунанд.

Вай таъкид намуд, ки тарафҳо чанд созишномаро дар соҳаи тиҷорат ва гумрук, инчунин дар соҳаи ҳамкории минтақавӣ ба имзо расонад.

  Борон меборад: боду ҳавои Тоҷикистон барои имрӯз

Ли Кэтсян, баъди сафар ба Тоҷикистон ба Нидерландия  сафар карда, сипас дар ҷаласаи сарони Ҳукуматҳои  “Осиё-Аврупо”, ки дар Брюссел баргузор мешавад, ширкат мекунад.

Ёдовар мешавем, ки 17-умин нишасти Шӯрои сарони ҳукумати СҲШ 11-12 октябр дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

http://sputnik-tj.com/Tajikistan/20181011/1027083175/Sarvaziri-Chin-baroi-nakhustin-bor-ba-Toikiston-omad-.html

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *