Мулоқоти Раҷаббой Аҳмадзода бо Консули генералии тозатаъйини Русия

ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik.  Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо Андрей Варламов, Консули генералии Русия дар шаҳри Хуҷанд мулоқот намуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ҳукумати вилоят.

Бино бар иттилои манбаъ, тапрафҳо доир ба муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Русия мубодилаи афкор намуда, дурнамои ҳамкориҳоро баррасӣ карданд.

“Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз фаъолияти назарраси Валерий Бондаренко, собиқ консуи генералии Русия дар шаҳри Хуҷанд изҳори қаноатмандӣ карда, барои фаъолияти пурсамараш ба ӯ Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғдро тақдим намуд”,-таъкид кард манбаъ.

  Низомиёни пойгоҳи 201 хотираи қаҳрамонони шуравиро пос доштанд

Раиси вилояти Суғд изҳори боварӣ намудааст, ки ҳамкориҳои самараноки тарафҳо дар оянда низ идома ва густариш хоҳад ёфт.

Ёдрас мешавем, ки бо сабаби анҷом ёфтани муҳлати кори Валерий Бондаренко, собиқ Консули генералии Русия дар шаҳри Хуҷанд ба вазифаи ӯ Андрей Варламов таъин шудааст.

http://sputnik-tj.com/Tajikistan/20181011/1027085291/Mulooti-Raabboy-Amadzoda-bo-Konsuli-generalii-tozatayini-Rusiya-.html

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *