Тоҷикистону Қирғизистон тасмим гирифтанд музокироти аломатгузории марзҳоро фаъол кунанд

ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik.  Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон бо ҳамтои қирғизаш Муҳаммадқалий Абилғозиев, ки барои иштирок дар дар кори ҷаласаи навбатии Шўрои Сарони Ҳукуматҳои СҲШ омадааст, мулоқот кард.

Тарафҳо масоили рушду тавсеаи ҳамкории Тоҷикистону Қирғизистон ҳам дар асоси дуҷониба ва ҳам дар доираи узвият дар СҲШ ва дигар ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалиро баррасӣ намуданд.

Доир ба таҳкими ҳамкории байниҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, энергетика,истифодаи захираҳои об,  инфрасохтори роҳу нақлиёт,  кишоварзӣ, илму техника, маориф ва фарҳанг, таҳкими кори комиссияҳои муштараки байниҳукуматӣ оид ба масъалаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва марзи байнидавлатӣ, ҳамчунин густариши ҳамкориҳои байниҳамдигарии минтақаҳои  наздисарҳадӣ  низ табодули афкор сурат гирифт.

  Кумитаи умури занон аз савдогарон барои мамнуъ кардани фурӯши "либоси бегона"

Дар ҳамин ҳол дафтари матбуоти нахуствазири Қирғизистон хабар додааст, ки зимни мулоқот сарвазирони ду кишвар тасмим гирифтанд музокироти марзиро вусъат бахшанд.     

Инчунин, имрўз дар ҳошияи ҷаласаи навбатии Шўрои Сарони Ҳукуматҳои СҲШ Қоҳир Расулзода бо нахуствазири Беларус Сергей Румас мулоқот намуд.

Зимни мулоқот вазъ ва дурнамои муносибатҳои байниҳукуматии Тоҷикистон ва Беларус дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ шуда, муҳимияти  рушду тавсеаи ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, бунёди корхонаҳои муштараки саноатӣ дар комплекси агросаноатӣ ва истеҳсоли маҳсулоти ниёзи аввал, таъмини  робитаи доимии доираҳои соҳибкорию тиҷоратии  ду давлат ва иҷрои қарорҳои Комиссияи байниҳукматии Тоҷикистон ва Беларус доир ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, инчунин таҳкими равобити судманди дуҷониба байни вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистону Беларус таъкид гардид.

  Даргузашти овозхони маъруфи тоҷик Ҳабибулло Беков

Тарафҳо ҳамчунин ба дигар мавзуъҳои муҳими марбут ба ҳамкории байниҳукуматӣ табодули афкор намуданд.

http://sputnik-tj.com/Tajikistan/20181011/1027085987/Toikistonu-iriziston-tasmim-giriftand-muzokiroti-marziro-vusat-bakhshand-.html

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *