Шойгу гуфт, бахшида ба 75-солагии Ғалаба маъбади бузурги низомӣ сохта мешавад

ДУШАНБЕ, 12 окт — Sputnik. Шойгу гуфт, дар назар аст, ки силсилаи сурату наворҳои иштирокдорони ҶБВ дар маъбади бузург таҳия шавад ва аз вазирони мудофиаи ИДМ хост, дар ҷамъоварии сурату тарҷумаи ҳоли мухтасари иштирокдорони ҶБВ мусоидат кунанд.

Шойгу иттилоъ додааст, ки маъбади бузурги қувваҳои мусаллаҳ бахши мултимедӣ дошта, бо маблағҳои хайрия бунёд мегардад.

  Оё ҳавои тоза ба одам зарар дорад-ҷавоби олимон

“Мехоҳам ба маълумоти шумо расонам, ки бахшида ба 75-умин солгарди Ғалаба дар ҶБВ, дар боғи “Патриот”, маъбади асосии низомӣ бунёд мегардад. Ин иншоот аз ҳисоби маблағҳои хайрия сохта шуда истодааст. Ин маъбади бузург як маркази таълимӣ-методӣ, маърифатӣ ва руҳонӣ хоҳад буд, ки дар он муосиртарин технология ва дастгоҳҳо истифода хоҳанд шуд”, –  изҳор дошт Шойгу.

  Дар Амрико барои иҷборӣ кашидани ҳиҷоб ба се зан 180 ҳазор доллар товон доданд

Шералӣ Мирзо, вазири мудофиаи Тоҷикистон низ дар ҷаласаи вазирони дифои кишварҳои узви ИДМ дар пойтахти Узбакистон иштирок дорад.

Мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ, рушди ҳамкории ҳарбӣ,  низоми назорати вазъияти радиологӣ, кимиёвӣ,  биологӣ ва таҷлили 75-умин солгарди Рӯзи Ғалаба аз мавзӯъҳои меҳварии ҳамоиш мебошанд.

http://sputnik-tj.com/world/20181012/1027096532/Shoygu-guft-bakhshida-ba-75-solagii-qalaba-mabadi-buzurgi-nizomi-sokhta-meshavad.html

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *