Муҷассамаи тилоии духтари тоҷикро дар Маскав таъмир мекунанд

ДУШАНБЕ, 12 окт – Sputnik. Дар боғи ВДНХ дар шаҳри Маскав фаввораи “Дӯстии халқҳо”, ҷойгир шудааст, дар он муҷассамаи 16 духтари “тиллоӣ” насб гардида, ба яке аз онҳо “духтари тоҷик” ном дода шудааст.

Тавре ташкилоти  “Гормост” хабар додааст, муҷассамаҳои духтарон таъмир карда мешаванд.

Бино бар иттилои манбаъ, шурӯъ аз 12 октябри соли равон таҷзияи муҷассамаҳо оғоз мегардад.  Ҳар як муҷассамаи духтарон, ки рамзи ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравиро инъикос мекунанд, ба маркази таъмиру навсозӣ равон карда мешаванд. Таъмиру навсозии духтарони “тиллоӣ” қариб ҳафт рӯзро дар бар мегирад.

  Донишҷӯёни тоҷикро дар Фаронса муттаҳид мекунанд

“Ҳар як муҷассама аз ду то дувуним тонна вазн дорад”, – тавзеҳ додааст манбаъ.

Фаввораи “Дӯстии халқҳо” –  фаввораи асосӣ ва яке аз рамзҳои махсуси ВДНХ-и Маскав мебошад. Ин иншоот дар соли 1954 мувофиқи нақшаи Константин Топуридзе ва Г.Д Константиновский сохта шуда буд.

Фаввораи мазкур дар гулгашти марказии майдони Дӯстии халқҳо дар паҳлуи намоишгоҳи асосии ВДНХ ҷойгир шудааст.

  Сафири нави Тоҷикистон дар Австрия расман корашро оғоз кард

Дар фаввораи “Дӯстии халқҳо” муҷассамаи шонздаҳ духтари “Тиллоӣ” ҷойгир шудааст, ки рамзи 16 ҷумҳурии Иттиҳоди Шӯравиро инъикос мекунанд.

Ҳар яке аз ин духтарон, бо либосҳои миллӣ ва дар даст меваю растаниҳои гуногун тасвир ёфтаанд.

http://sputnik-tj.com/world/20181012/1027097666/Tamiri-muassamai-dukhtari-toik-va-15-dukhtari-tillo-az-favvora-Dstii-khalo-.html

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *