Бо дастури Аҳмадзода дар шаҳри Хуҷанд дар соҳили Сир “фитнес”-и ройгон месозанд

ДУШАНБЕ, 12 окт — Sputnik. Тавре дафтари матбуотии Ҳукумати вилояти Суғд хабар медиҳад, раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дастур додааст, ки дар ду соҳили дарёи Сир дар Хуҷанд дастгоҳҳои муосири машқу тамрин насб карда шавад.

Бино бар иттилои манбаъ, Аҳмадзода 11 октябр  аз вазъи тозагии соҳили чапи дарё шинос шуда, масъулинро вазифадор кардааст, ки соҳилҳои дарё тоза нигоҳ дошта шаванд.

  Ҷузъиёти арақдуздиву ҳасибдуздии Шоҳин аз хонаи Ибодат дар нимашаб

Ҳамчунин дастур дода шуд, ки дар ду канори дарё барои сайру истироҳати шаҳрвандон ва сайёҳони хориҷӣ роҳравҳо бунёд ва дар он дастгоҳҳои муосири машқу тамрин насб карда шавад”, – гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Матбуоти вилоят меафзояд, дар соҳили чапи Сир як шиногоҳи дигар низ ташкил карда хоҳад шуд.

Дар назар аст, ки дар Хуҷанд  ду тарафи дарёро ба воситаи ҳашари умумӣ аз партовҳо тоза кунанд.

  Таъиноти кадрӣ: Раҳмон чанд масъули баландпояи додситонӣ ва "Барқи тоҷик"-ро ҷо ба ҷо кард

http://sputnik-tj.com/Tajikistan/20181012/1027100065/Bo-dasturi-Amadzoda-dar-shari-Khuand-dar-soili-Sir-fitnes-i-roygon-mesozand.html

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *