Моро масхара мекунанд: сокинони деҳаи Абдуллоҳ Давлатови Мӯъминобод тандиси бузро канданд

ДУШАНБЕ, 13 окт – Sputnik. Саранҷом мақомоти ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон пас аз муддатҳо пайгирӣ ва талоши мардум ночор шуданд муҷассамаи бузро аз ин деҳа бардоранд, хабар медиҳад “Паср тудэй” дар истинод ба расонаҳои Русия.

Бино бар иттилои манбаъ, аз он ҷо ки шикори бузи кӯҳӣ аз манобеи аслии даромади мардуми рустои Абдуллоҳ Давлатов дар ноҳияи Муъминобод аст, мақомоти ин ноҳия аз ду соли пеш муҷассамаи як бузи кӯҳиро дар деҳаи Абдуллоҳ Давлатов насб карда буданд.

  Шарҳи ҳавошиносон: Тоҷикистон то кай чангу ғуборолуд мемонад?

“Ин дар ҳоле аст, ки мардуми тоҷик дар истилоҳи омиёна ашхоси “суханчин” ва “ҷосус” – ро буз мехонанд”, – қайд мекунад манбаъ.

Ба ҳамин далел, сокинони деҳаи Абдуллоҳ Давлатов насби муҷассамаи бузро дар ин русто тавҳин ба ҳайсияти худ талаққӣ карда ва муддатҳо аз мақомот мехостанд то ҳар чӣ зудтар ин тандисро бардоранд.

  Фаро расидани Соли навро ба сарбозони ноҳияи Ашт пешопеш табрик гуфтанд

“Мардуми ин деҳа нахостанд, ки муҷассама дар ҳудуди деҳа боқӣ бимонад, зеро рустоёни дигар манотиқ аҳолии деҳаи Абдуллоҳ Давлатовро ба хотири ин муҷассама масхара мекарданд, ки ин мавзуъ ба мардум хуш намеомад”, – гуфтааст Сайидвалӣ Мирзоев, раиси Шӯрои деҳа.

Ёдрас мешавем, пештар ба муносибати истиқбол аз Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳурии Узбакистон дар ноҳияи Турсунзодаи Тоҷикистон, ба унвони намоди равобити тиҷорӣ ва сайру сафар тандиси корвони шутур насб шуд.

  Лукашенко Раҳмонро бо шоколади "Президент" меҳмондорӣ кард

http://sputnik-tj.com/Tajikistan/20181013/1027104128/Moro-maskhara-mekunand-sokinoni-deai-Abdullo-Davlatovi-Mminobod-tandisi-buzro-kandand.html

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *