Хуршед Толибов дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Русия севум шуд

ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Дар шаҳри Екатеренбурги Русия мусобиқаи байналмилалии “Гран-при Русия 2018”  оид ба бадансозӣ (бодибилдинг) баргузор гардид.

Дар ин чорабинӣ ду намояндаи Тоҷикистон Хуршед Толибов ва Равшан Воҳидов иштирок карданд. Ҳарду варзишгари тоҷик дар вазни 75 килограмм баромад карданд. Равшан Воҳидов ба чоргонаи беҳтаринҳо ворид шуд ва Хуршед Толибов соҳиби медали биринҷӣ гардид.

  Тоҷикистон ҳам дар Тошканд колоҳояшро ба намоиш мегузорад

“Дар ин гуна мусобиқаи пуршукӯҳ ин натиҷаи хело хуб аст. Ин бурдборӣ метавонанд врзишкорони моро дар ин гуна чорабиниҳо рақобатпазир намояд”, – гуфтааст роҳбари Федератсияи бадансозӣ, фитнес ва пауэрлифтинги Тоҷикистон Олим Парпиев.

Ба гуфтаи Олим Парпиев бояд боз ҳам рушд кард. Вай қайд кардааст, ки Хуршед таҷрибаи зиёди баромадкуниро дар ин соҳаи варзиш андухтааст  ва ӯро мебояд танҳо баҳри пешрафт пирӯзӣ оянда болои худ кор кунад.

  Манижа Буйдоқова: мехоҳам Русияро ба тоҷикон намоиш бидиҳам

“Бисёр мусобиқаи рақобатпазир буд, барои ҳамин соҳиби медал гаштан бисёр душвор буд. Ман аз ин бурдборӣ бисёр хурсандам. Аммо орзӯи ман қаҳрамони ҷаҳон шудан аст. Кори номешудагӣ нест ва ман ҳамеша мекӯшам, ки ба натиҷаҳои баландтарин мушарраф гардам ва аз мақсадҳои гузоштаам дур намешавам”, – гуфт Хуршед Толибов.

Дар мусобиқаи бадансозӣ намоиши мушакҳои дасту қафаси сина ва пойҳо, ҳаҷму баробарии онҳо ва тарзи ҳаракати варзишгарон ба назар гирифта мешавад.

  Бо андӯҳи амиқ: ҳамдардии Эмомалӣ Раҳмон бо Ҳасани Рӯҳонӣ

http://sputnik-tj.com/sport/20181108/1027360469/Khurshed-Tolibov-dar-musobiai-baynalmilal-dar-Rusiya-sevum-shud.html

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *