Рутбаи генерал ва полковники Эмомалӣ Раҳмон ба чанд милиса

ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik.  Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 9 ноябр дар арафаи таҷлили Рӯзи милиса дар Тоҷикистон бинои нави ВКД Тоҷикистонро ифтитоҳ карда, дар маросими он ба як қатор кормандони вазорат рутбаҳои махсус дод.

Бино бар иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ба Солиев Карим Ҳоҷиевич рутбаи навбатии “генерал – майори милитсия” супорида шуд.

  Тағйироти кадрӣ: Ғаффорзода сардори Раёсати кор бо занон таъин шуд

Ҳамчунин дар мувофиқа бо Роҳбари давлат Султонзода Садриддинхон Исмоил бо рутбаи навбатии “полковники хизмати дохилӣ”, Назарзода Икромҷон Ҳурматулло, Мӯсозода Муҳаммадалӣ Абдусаттор, Амирализода Сулаймон ва Сулаймонзода Ғуломалӣ Нуралӣ бо рутбаи навбатии “полковники милитсия” сарфароз гардонида шуданд.

http://sputnik-tj.com/Tajikistan/20181109/1027366191/Rutbai-general-va-polkovniki-Emomal-Ramon-ba-chand-milisa-.html

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *