Аврупо барои бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон пул ҷудо мекунд

ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Дар кишварҳои Осиёи Марказӣ беш аз миллиард тонна партовҳои уран бокӣ мондааст, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Иттиҳодияи Аврупо.

Омори мазкур дар конфронси байналмилалӣ доир ба бозёбии партовҳои уран дар қароргоҳҳои Осиёи Марказӣ, ки дар пойтахит Бритониёи Кабир шаҳри Лондон, бо ибтикори ҳукумати Қирғизистон баргузор гардид,  эълон карда шуд.

  Ҳувияти созандагони вируси WannaCry‍ маълум шуд

Таъкид шудааст, ки партовҳои уран барои аҳолӣ ва муҳити зистӣ хатари ҷиддӣ дорад.

Барои бозёбии партовҳои уран дар Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбакистон Иттиҳодияи Аврупо омодааст маблағи иловагӣ дар ҳаҷми 10 миллион евро ҷудо намояд.

Дар доираи барномаи роҳандозишуда барои бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбакистон ва пешгирӣ аз олудашавии водии Фарғона 7 минтақае, интихоб шудааст партовҳои уранаш бояд аввал бозёбӣ шаванд.

  Талаби вазирони араб аз Амрико: қароратонро бекор кунед

Ёдрас мешавем, ки қаблан Иттиҳодияи Аврупо барои бозёбии партовҳои уран дар Кишварҳои Осиёи Марказӣ 16 миллион евро ҷудо карда буд.  

http://sputnik-tj.com/world/20181109/1027368512/Dar-kishvaroi-Osii-Markaz-besh-az-milliard-tonna-partovoi-uran-bok-mondaast.html

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *