Тоҷикистон рӯзи ба истифода додани агрегати аввали НБО Роғунро расман эълон кард

ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар рӯзи 16 ноябр дар маросими тантанавии роҳандозии нахустин агрегати НБО Роғун, ки дар минӣтақаи Осиёи марказӣ бузургатирин ба ҳисоб меравад, иштирок хоҳад кард, иттилоъ додааст Ёвари раисҷумҳур дар масоили рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода.

“Ба маросими роҳандозии нахустин агрегати НБО Роғун намояндагони кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла кишварҳои аз ҷумла кишварҳои узви лоиҳаи CASA-1000, ташкилотҳои байналмилалӣ, намояндаҳои сафоратҳо ва 30 расонаи хабарии хориҷии ҷаҳон даъват карда шудааст”, гуфт вай зимни нишасти матбуотӣ дар шаҳри Душанбе.

  Равобити Тоҷикистон ва Узбакистон: як сол пас аз даргузашти Ислом Каримов

Раҳмонзода инчунин таъкид намуда, ки корҳо дар нерӯгоҳи Роғун зери назорати бе воситаи раисҷумҳур мебошад.

Вай афзуд, ки Эмоалӣ Раҳмон шахсан худаш дар як сол ду ё се моротиба аз рафти кор дар иншооти бузург хабар мегирад.

Нерӯгоҳи барқи обии Роғун  – нерӯгоҳи барқи обии калонтарин дар дарёи Вахш мебошад, ки сохтмонаш дар дарёи Вахш давом ёфта истодааст.     

  Шаҳрдории Душанбе барои забҳи чорвои қурбонӣ кушторгоҳҳо ташкил мекунад

Сохтмони нерӯгоҳи барқи обии дар Осиёи Марказӣ калонтарин – Роғун соли 1976 сар шуда буд. Иқтидори лоиҳавии НБО Роғун ба 3600 МВт баробар буда, он аз 6 агрегати 600 МВт ва баландии сарбанди он 335 метр муайян шуда буд. Ин нерӯгоҳ дар ҳолати пурра ба кор даромаданаш дар як сол метавонад 17,1 млрд. кВт-соат нерӯи барқ ҳосил кунад.

  Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои номусоид ва пастшавии ҳарорат дар назар аст

http://sputnik-tj.com/Tajikistan/20181110/1027376878/Toikiston-rzi-ba-istifoda-dodani-agregati-avvali-NBO-Rounro-rasman-elon-kard-.html

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *