Фаронсаро аз вазъи мубориза бар зидди маводи мухаддир дар Тоҷикистон огоҳ карданд

ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Ожонсии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон, рӯзи 7-ноябри  соли равон мулоқоти Директори Ожонсӣ Шерхон Салимзода бо Сафири  Фаронса дар Тоҷикистон Ясмин Гуедар баргузор гардид.

Зимни мулоқот директори Ожонсӣ ба Сафир дар бораи вазъи вобаста ба маводи нашъаовар, тамоюл ва пешгӯии инкишофи он, роҳҳои асосии интиқоли маводи нашъаовар, ошкору пешгирии ҷиноятҳои вобаста ба маводи нашъаовар дар қиёс бо дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ гуфтгӯ намуданд.

  Сафарҳо бехатар: Тоҷикистон ва Узбакистон 12 масири автобус мекушоянд

Дар навбати худ Ясмин Гуедар, сафири Фаронса дар Тоҷикистон таъкид намудааст, ки мулоқоти мазкур барои дарк намудани он, ки Ҳукумати Тоҷикистон барои мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир чӣ чораҳо андешидааст, мусоидат менамояд.

Манбаъ инчунин хабар додааст, ки дар рафти вохӯрӣ тарафҳо масъалаҳои ба роҳ мондани ҳамкориҳо байни Ожонсӣ ва мақомоти ваколатдори Фаронса дар самти ошкор ва пешгирии ҷиноятҳои вобаста ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, ташкил ва гузаронидани тренингҳои омӯзишӣ, бунёди варзишгоҳҳо ва майдончаҳои варзишӣ дар деҳоти кишвар, ки он ҳам бевосита ба пешгирии нашъамандӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни аҳолӣ мусоидат менамояд, муҳокима намуданд.

  Рустам Эмомалӣ барои Ёсуман ва Манижа 4500 сомонӣ стипендия ҷудо кард

http://sputnik-tj.com/Tajikistan/20181110/1027377462/Faronsaro-az-vazi-muboriza-bar-ziddi-mavodi-mukhaddir-dar-Toikiston-ogo-kardand-.html

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *