Олмон имкони маблағгузории нирӯгоҳҳои барқи обии хурдро омӯхта истодааст

ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik. Cоҳибназар Ғайратшо, сафири Тоҷикистон дар Олмон бо ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Олмон доир ба ҳамкориҳои молиявӣ ва техникӣ Катрин Оллерс ва намояндаи Вазорати ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушди Олмон Клаус Тансбергер мулоқот намуд.

Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон хабар додааст.

“Зимни мулоқот тарафҳо татбиқи лоиҳаи НБО-и Тоҷикистон дар ноҳияи Мурғобро нишонаи таваҷҷӯҳи ҳар ду кишвар барои ҳамкориҳо арзёбӣ намуда, рушди гидроэнергетика, беҳсозии хизматрасониҳои тиббӣ ва дастрасӣ ба муассисаҳои таълимиро барои беҳтар шудани некӯаҳволии иҷтимоии мардум ва занҷираи арзишҳои изофавӣ муҳим арзёбӣ намуданд”, – гуфтааст манбаъ.

  Шаҳри бехатар: аз 205 қонуншикании Муродов то ҷаримагурезии Раҳмонова

Инчунин манбаъ таъкид намудааст, ки Олмон имкони маблағгузории нирӯгоҳҳои барқи обии хурд дар минтақаҳои куҳии Тоҷикистонро омӯхта истода, дар ин росто ба ҷалби ширкатҳои ватанӣ бартарият хоҳад дод.

http://sputnik-tj.com/Tajikistan/20181110/1027377684/Olmon-imkoni-mablaguzorii-nirgooi-bari-obii-khurdro-omkhta-istodaast-.html

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *