Рамазон Қодиров ба писараки 5-сола Mercedes тӯҳфа кард

ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. Роҳбари Чеченистон Рамазон Қодиров ба писарбачаи 5-солае, ки дар давоми 2 соату 26 дақиқа зиёда аз 4 ҳазор маротиба тамрин кард (отжимание ё шино дар рӯи замин – идора)  Мерседеси сафед тӯҳфа кардааст.

“Ин мошинро ба ту президенти Бунёди хайрияи ба номи Аҳмад-Ҳоҷӣ Қодирови Аймани Қодирова тақдим кардааст. Бигзор падарат туро дар ин мошин  гардонад. Ту ба мерседессаворӣ меарзӣ”, – гуфтааст Қодиров ба Раҳим Қуриев, писараки 5-сола.

  Ҳалокати 20 кас ва захмӣ шудани 22 тан. Субҳи имрӯз дар Кобул

 Раҳим Қодировро бовар кунонидааст, ки вай метавонад зиёда аз 5 ҳазор маротиба отжимание кунад. Варзишкори хурдакак ҳунари худо бори дигар ба роҳбари кишвараш нишон додааст.

Чанде пеш Вазири тарбияи ҷисмонии Чеченистон Мусо Ханариков ба РИА Новости гуфта буд, ки Раҳим Куриеви 5-сола дар давоми 2 соату 26 дақиқа 4105 отжимание кард. Аммо намояндагони китоби рекодҳои Гинес дар Русия маҳорати писаракро то ҳол ба ин китоб  ворид накардаанд.

  Беш аз 20 низомӣ дар паи ҳамлаи ҷангиён дар Афғонистон кушта шуданд

http://sputnik-tj.com/world/20181115/1027430300/Ramazon-odirov-ba-pisaraki-5-sola-Mercedes-tfa-kard.html

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *